ЗАН ДАР ПАРТАВИ ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗИ XVI ШЎРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Мардуми сарбаланду меҳанпараст ва тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик бо шукргузорӣ аз даврони соҳибихтиёрӣ 30 — юмин солгарди баргузории ин Иҷлосияи тақдирсозро дар фазои сулҳу субот ва созандагию бунёдкорӣ бо шукўҳу ҷалоли хосса таҳлил менамоянд.

Дар воқеъ, баргузории Иҷлосияи тақдирсози XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд яке аз саҳифаҳои дурахшон ва дастовардҳои бузурги таърихии халқи тоҷик дар оғози солҳои соҳибихтиёрӣ ба ҳисоб рафта, заминаҳои мусоиди ҳуқуқиву сиёсиро барои ба вуқўъ пайвастани дигаргуниҳои азим дар ҳаёти Ҷомеаи Тоҷикистон ба миён овард. Дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати комил ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд саҳми беназир гузошт.

Қобили зикр аст, ки Иҷлосияи мазкур аз 16 ноябр то 2 декабри соли 1992 идома ёфта, дар рўзномаи он 23 масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Инчунин 74 санади ҳуқуқӣ, аз ҷумла 15 қонун, 52 қарор, 6 фармон ва 1 изҳорот қабул шуда, барои ба низом даровардани вазъи сиёсиву ҳуқуқии кишвар, рушди муносибатҳои ҷамъияти ва ташаккули давлатдории миллӣ саҳми арзанда гузоштанд.

Қарорҳои таърихӣ ва сарнавиштсози Иҷлосияи мазкур, минбаъд дар самти таъмини сулҳ, ваҳдати сартосарӣ, ризоияти миллӣ, оромию субот дар ҷомеа, хомўш кардани ҷанги шаҳрвандӣ, аз вартаи нестӣ ва парокандагӣ наҳот додани давлату миллати тоҷик, бунёди рукнњои давлатдорӣ, қабули Конститутсия, зинда гардонидани ҳофизаи таъриӣ ва рушди бемайлони ҳамкориҳои байналмилалӣ нақши бағоят муҳим гузоштанд.

Иҷлосия сароғози ҳама гуна пешравию дигаргуниҳои соҳаҳои афзалиятноки фаъолияти давлатӣ маҳсуб ёфта, аз ҷумла, масъалаи дастгирии занон ва баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, солҳои Истиқлолияти давлатӣ, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардидааст. Соҳаи мазкур мавриди таваҷҷўҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тољикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Боиси ифтихор аст, ки занон дар баробари ба ҳо овардани рисолати аслии худ — устувории оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифат, бонангу номус, ватандўсту худшинос, инчунин, бо заҳмату талошҳои пайгиронаи худ дар рушди иқтисодию ичтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми босазо гузошта истодаанд.

Мусаллам аст, ки нобаробарӣ дар ҷомеаи гузаштаи мо тоҷикон имкон намедод, то занон баробари мардон ҳадафу мақсадҳои худро амалӣ созанд. Таълим барои занон хеле маҳдуд буда, теъдоди ками онҳо соҳиби илму маърифат ва хату савод буданд. Бо ин ҳама нобаробарӣ дар ҷомеа, занон тавонистанд, чун шоира Зебунисо машҳури дунё гарданд.

Дар ҷомеаи шуравӣ нақши муассири занону модарон дар пешбурди ҳаёти навин басо назаррас буд. Садҳо нафар занону модарон дар қатори мардон дар ободии ҷомеаи навини коргару деҳқон саҳмгузорӣ намуда, бо корнамоиҳои бемисли худ унвон ва мукофотҳои баланди давлатиро соҳибу номбардори миллату давлат гаштаанд.

Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар самти арҷгузорӣ ба мақому манзалати зан таҷаввулоти азим ба вуқуъ омада, ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан — модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард, занони қавииродаву боҷасорати тоҷикро дар арсаи сиёсат ворид намуд. Хурсандибахш аст, ки дар симои зани тоҷик, инсонҳои дорои фарњанг ва ахлоқи воло, ҳалиму хоксор, хушодобу закӣ, бонувони зебову иззатманд, модарони мушфиќу мењрубон ва сиёсатмадорони муваффақро мешиносанд. Имрўз бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дўш гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат фаъолият намуда, бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо мегардонанд.
Бо истифода аз фурсати муносиб, бо камоли эҳтирому сарфарозӣ тамоми ҳамватанони азизамонро ба шарафи ҷашни бошукўҳи 30- юмин солгарди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд, таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати комил ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд саҳми беназир дорад, самимона шодбош гуфта, барояшон саломатии бардавом, умри бобаракат, хушбахтӣ ва иқболи баланду комёбиҳои беназирро орзу менамоям.

Сатторзода Зебо, судяи Суди ноҳияи Кўшониён