“Наврасон ва ҷавононро аз амалу рафтори ноҷо ва ғайриқонунӣ нигоҳ доштан ва бо роҳи дуруст ҳидоят кардан вазифаи муқаддас ва қарзи инсонии падару модарон, омӯзгорону мураббиён, зиёиён ва умуман аҳли ҷомеа мебошад” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон КӮШОНИЁН: ВОХӮРИИ РАИСИ СУДИ НОҲИЯ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ВА САРВАРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НОҲИЯ

Имрӯз 9 апрели соли 2026, дар шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вохурии раиси Суди ноҳияи Кӯшониён Аламшозода Фирдавс бо кормандони соҳаи маориф ва сарварони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид. Дар вохӯрӣ ҳамзамон муовини раиси ноҳия Ҳакимзода Миҷгона иштирок намуданд.
Раиси Суди ноҳия Аламшозода Фирадавс дар суханронии худ вобаста ба рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи омӯзгор» ва «Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кудак», инчунин дар самти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар соҳа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии омӯзгорон ва хонандагон, зарурати таҳсили ҳатмӣ дар зинаи сеюм суханронӣ намуда қайд намуданд, ки раванди ҷаҳонишавӣ дар қатори ҷанбаҳои мусбии худ аз паёмадҳои манфӣ низ холӣ набуда, воридшавии фарҳанги бегона, ташвиқи фаҳшу зӯроварӣ, бераҳмию бетафовутӣ, худхоҳӣ ва бартарӣ ҷустан бар дигарон, ки тавассути филмҳои хориҷӣ, пахши ҷараёни мусобиқоти варзишӣ оид ба набардҳои тан ба тан ва ҳар гуна бозиҳои дигари компютерӣ ба ҳаёти мо дохил мешаванд, мафкураи ҳанӯз ташаккулнаёфтаи ҷавонону наврасонро фосид менамоянд.
Тарбияи наврасон яке аз муҳимтарин рукни ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, дар симои насли ояндасоз давлату миллат пойдориву ояндаи хешро мебинад. Бахусус, дар замоне, ки фазои иттилооти ҷаҳонро хатар таҳдид мекунад, таваҷҷуҳи махсус зоҳир кардан ба ин масъала ногузир аст. Ба беназоративу хунукназарӣ роҳ додани падару модарон нисбати таълиму тарбияи фарзандони хеш ва бад-ин васила коста гардидани хулқу атвори наврасон ва гаравидани онҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳо, равияҳои ҷиноятпеша борҳо дар суханрониҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бобати рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид мегардад. Ҳамчунин ин суханон ба он тақвият бахшида мешаванд, ки воқеан қисмати зиёди вақти наврасон дар назди падару модарон сипарӣ мегардад, волидонро мебояд барои дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуди фарзанди хеш саҳмгузор бошанд.
Наврасоне, ки бо ҷурми даст доштан ба содир кардани ҷиноят боздошт мешаванд, миёни ҷиноятҳои гуногун дуздии амволи ғайр мавқеи асосиро ишғол мекунад. Табиист, ки ин намуди ҷиноят нерӯи зиёди ҷисмониро талаб намекунад, аз ин рӯ он метавонад ҳанӯз аз хурдсоли дар рафтори кӯдак мушҳоҳида гардад ва сари вақт аз ҷониби калонсолон ислоҳ нагардидани он, амали кӯдак ва бинобар ин борҳо такрор гардидани он метавонад тадриҷан ба одат табдил ёбаду дар солҳои наврасӣ боиси бештар ба ин намуди ҷиноятҳо даст задани ноболиғон гардад.
Бо мақсади пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ дар байни наврасон инчунин баланд бардоштани маданияти ҳуқуқии онҳо зарурат пайдо мекунад. Ҳамчунин бо ҳамин мақсад ва бинобар сабаби атрофи қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти кофӣ надоштани аксарияти онҳо зимни бурдани корҳо оид ба тарбияи ҳуқуқӣ ба наврасон доир ба аз кадом лаҳза ҷавобгарии юридикиро пайдо кардани амали ҷинояткоронаи онҳо маълумот додан лозим аст. Бошуурона дарк кардани меъёрҳои ахлоқ ва ҳамеша риоя кардани он аз тарафи наврас бешубҳа барои ӯ фаҳмонидани меъёрҳои ҳуқуқиро осон мегардонад. Дар инҷо нақши падару модар хело бузург аст , чунки маҳз аз овони хурдӣ бо меъёрҳои ахлоқ шинос намуда, зарурияти риоя кардани онҳоро фаҳмонанд ва бад – ин васила дар рушди ахлоқиву ҳуқуқии онҳо ҳиссагузор бошанд. Аз ҳамин ҷост, ки тарбияи ҳуқуқӣ бо тарбияи ахлоқӣ робитаи ногусастанӣ дошта, ҳар ду дар якҷоягӣ таъмингари пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ миёни наврасон аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки “Ҷавонон ояндаи миллатанд” аз ин лиҳоз бояд ба ин гуна зуҳуроти нангин мубориза бурд ва наврасонро дар рӯҳияи худогоҳии миллӣ ва худшиносӣ тарбия намоем. Мо аҳли ҷомеа ин зуҳуроти нангинро, агар маҳкум накунем, фардо теъдоди ҷавонони гумроҳ ба ин ҳизбу ҳаракатҳо ва қонуншиканиҳо зиёд хоҳад шуд. Ҳамзамон дар рафти вохурӣ Суди сайёр вобаста ба аз таҳсил дур мондани хонанда ва монеъшавии волидон мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дафтари матбуотии раиси ноҳияи Кӯшониён
Возможно, это изображение один или несколько человек, люди учатся и текст
Возможно, это изображение один или несколько человек, люди учатся и текст