КОНСТИТУТСИЯ — САНАДИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ Таҷлили “Рўзи Конститутсия” — и Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 4 ноябри соли 2024, бахшида ба 30 — солагии Конститутсияи Ҷумњурии Тоҷикистон, бо иштироки роҳбарияти ноҳия, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарон ва кормандони ташкилоту идорањо, љавонону наврасон, фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва сокинони ноҳия дар толори маҷлисгоҳи мактаби Президентии ноҳия, чорабинии идона баргузор гардид.

Сараввал, раиси ноҳия Вализода Икромиддин Сироҷиддин дар сухани табрикотии худ қайд намуданд, ки таҷлили 30 — юмин солгарди Конститутсияи кишвари соҳибистиқлол, ки бахтномаи давлати тоҷикон маҳсуб меёбад, боиси фараҳмандии ҳар як сокини кишвари азизамон буда, хушбахт аз он ҳастем, ки бо эҳсоси ифтихору сарфарозӣ ва дар рўҳияи баланди миллӣ ин санаи бузургро ҷашн гирифта истодаем. Мо ифтихор аз он дорем, ки мардуми шарафманди ноҳияи Кўшониён дар қатори дигар манотиқи кишвар баҳри пойдор гаштани шохаҳои ҳокимият, эҳтирому арзишҳои миллӣ, эъёи тамаддуни пурҷановати гузаштагони худ, зери партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмату талошҳо намуда истодаанд. Дар фарҷоми сухани табрикотии худ раиси ноҳия, ҳозирин ва кулли мардуми шарафманди ноҳия ва ҷумҳуриро бо ин рўзи фархунда самимона табрик намуда, ба Ватани азизамон сулҳу суботи пойдор, осмони софу беғубор ва Истиқлолияти ҷовидонаро таманно намуданд. ҳамзамон, дар чорабинии идона Аламшозода Фирдавс, раиси Суди ноҳия ва Зайнуллозода Аминҳон, муовини прокурори ноҳия баромад намуданд. Бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ, роҳбарону кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарфароз гардиданд. Баҳри болидахотирии иштирокчиёни ҷамъомади тантанавӣ, кормандони филармонияи бахши фарҳанги ноҳия, гулрези шеъру сурудро пешкаши ҳозирин намуданд.