МАШВАРАТ ИДРОКУ ҲУШЁРӢ ДИҲАД КӮШОНИЁН: ВОХӮРИИ СУДМАНД БО ФАЪОЛОН ВА АҲЛИ ҶАМОАТЧИГИИ НОҲИЯ

Имрӯз 11 июни соли 2026, дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия таҳти Раёсати раиси ноҳия Холзода Муҳамадшариф, сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон Мирзозода Нусратулло Неъмат, муовини раиси вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло Қурбоналӣ  Раиси суди ноҳияи Кӯшониён Аламшозода Фирдавс Муҳаммаддовуд ва бо иштироки муовинони раиси ноҳия, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту идораҳо, раисони маҳал, имомхатибони масчидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Сараввал раиси ноҳия ташрифи меҳмонони гиромиро ба ноҳия хайрамақдам гуфта, мақсад аз баргузории вохуриро баён намуданд. Сипас, сухан ба Мирзозода Нусратулло сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон дода шуд. Дар баромади хеш қайд намуданд, ки ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумлаи мушкилоти асосӣ ва ситезаи хатаровар барои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар ибтидои асри ХХI мебошанд. Рӯйдодҳои ногувори ахир дар нуқтаҳои гуногуни сайёра далели тасдиқи ин нуқта мебошанд. Ҷомеаи ҷаҳон барои мубориза ба ин вабои асри ХХ1 бояд муттаҳид гардад. Ҳамин нуқтаи хеле муҳим дар паёмҳо, суханрониҳо, мусоҳибаҳо ва асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба такрор хотирнишон мегардад.

Возможно, это изображение текст