
Дар чунин замина, санаи 26 июни соли 2025, дар майдони Парчам ва Нишони маркази ноҳия шаҳраки Сомониён ба ифтихори 28 – солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо иштироки раиси ноҳия Холзода Муҳамадшариф, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан муовини якуми вазири маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Абдулзода Зайдулло, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, муовинон ва роҳбарони корхонаву ташкилотҳо як чорабинии тантанавӣ таҷлил гардид. Нахуст, Раиси ноҳия муҳтарам Холзода Муҳамадшариф ҳозиринро ба муносибати ҷашни 28 – умин солгарди Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, зимни баромади худ изҳор доштанд:
Дар эҳёи сулҳи тоҷикон, бунёд ва ташаккули давлати миллӣ нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир аст, зеро талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат неъмати сулҳу ваҳдати комилро барои мардуми тоҷик эҳдо намуданд. Шоистаи таъкид аст, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ имсол дар остонаи ҷашни бошукуҳи 31-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вусъати омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Зикр кардан бамаврид аст, ки сокинони ноҳия дар ҳамдастию шукргузорӣ аз Ваҳдати миллӣ ба натиҷаҳои хуби меҳнатӣ ноил мешаванд ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар оянда низ вусъати тоза мегиранд. Ваҳдат — ҳастии миллат ва пояи давлат аст. Ҳар давлату миллате, ки Ваҳдати миллиро ба даст меорад, метавонад ки дар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ пешрафт кунад ва мардумаш низ осуда зиндагӣ кунанд. Шукр аз он мекунем, ки бо шарофати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин ду ҷашни бузурги гаронарзиш, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлоли давлатӣ ба даст омадааст, ки имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон сулҳу амонӣ танинандоз аст. Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан мебошад.
Раиси ноҳия дар идомаи баромади хеш аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда таъкид намуданд, ки воқеан, дар солҳои аввали ба даст овардани истиқлоли давлатӣ бадхоҳону хоинони миллати тоҷик кишвари моро ба низои дохилӣ, муқовимати сиёсӣ ва дар як муддати кӯтоҳ ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашиданд.
Давлат дар ҳоли парокандагӣ ва миллат дар ҳоли нестшавӣ қарор дошт. Маҳз дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассосу сарнавиштсоз шахсияти таърихӣ ва парчамбардори рисолати бузурги ватансозӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиммаи роҳбариро ба душ гирифта, ба низоми давлатдории муосир асос гузоштанд. Ба ҳар як ташаббусе, ки иқдом гирифтанд, дар сатҳи ҷаҳон пазируфта шуданд. Ҳадафҳои олии ватансозиашон тафаккури миллиро дар шуури ҷомеа бедор карда, мардуми мамлакатро ба шоҳроҳи рушду шукуфоӣ ҳидоят намуданд.
Аз ҳамин ҷост, мо ҳама якдилу як маромему баҳри Ваҳдату якпорчагӣ, ободиву оромӣ ва гулгулшукуфоии Ватани худ пайваста бо меҳнати босуботу ғайрати дучанд саҳми арзандаи хешро гузорем, зеро Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва мулоқоти хеш иброз менамоянд: “Мо набояд фаромӯш созем, ки сулҳу Ваҳдат миллати моро аз парокандагӣ наҷот дода, давлати тозаистиқлоли тоҷиконро аз нобудшавӣ эмин нигоҳ дошт».
Ҳамзамон, муовини якуми вазири вазорати маъориф ба сухан баромада зикр кард, ки санаи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, яъне 27-июни соли 1997 яке аз муҳимтарин рӯйдоди таърихи муосири Тоҷикистон ва оғози марҳалаи сифатан нави рушди миллат ва кишвар маҳсуб меёбад. Ҳамасола, дар саросари кишвари маҳбубамон 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад.
Тавре, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: «Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад». Воқеан, Ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи нодири даврони соҳибистиқлолии кишвар барои сарҷамъ намудани миллати дар ҳоли парокандашавӣ қарордоштаи тоҷик ва аз вартаи нестӣ раҳоӣ бахшидани давлати навини тоҷикон таҳти роҳбарии Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассирро дорад.
Дар фарҷом, аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуд, ки он тараннумгари сулҳу дӯстӣ, муҳаббат ба Ватан ва сарзамини аҷдодӣ буд, барномаи мутантанро ҳусни анҷом бахшида, табъи иштирокчиёнро болида гардонид.