ГЎШАИ ҲУҚУҚӢ: «ПАРВАНДАИ ҶИНОЯТӢ БАРОИ НАПАРДОХТАНИ МАБЛАҒИ БАРҚИ ИСТИФОДАШУДА ТАДБИҚ МЕШАВАД» ВОХЎРИИ РОҲБАРИЯТИ СУДИ НОҲИЯ БО АҲЛИ ҶАМОАТЧИГИИ ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ БОХТАРИЁН

Санаи 24 апрели соли 2025, дар толори Кохи фарњанги шаҳраки Сомониён бо иштироки раиси Суди ноњияи Кўшониён Аламшозода Фирдавс, судяҳои суди ноҳия Зебо Сатторзода ва Муминзода Замира, муовини раиси ноҳия Ҳакимзода Миҷгона бо аҳли ҷамоатчигии шаҳраки Сомониён вохўрӣ доир гардид. Сараввал аз тарафи Аламшозода Фирдавс нуқтаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҷурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас гардида, инчунин вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат оид ба пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, аз ҷумла барқи истифодашуда баррасӣ гардида қайд карда шуд, ки барои напардохтан, ғайриқонунӣ истифода намудани барқ, инчунин тибқи тағйиротҳо дар қонунгузорӣ ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст. Даъват ба амал оварда шуд, ки барои сарфакорона истифода намудани барқ, сари вақт пардохт намудани маблағи он ўҳдадориҳои худро иҷро намоянд. Ҳамзамон дар вохўрӣ, масъалаҳо вобаста ба риояи талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи таълиму тарбияи кўдак» ва «Дар бораи тарбияи ватандўстии шаҳрвандон», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, таблиғу ташвиқи китобхониву китобдўстӣ, тарзи ҳаёти солим, пешгирии нашъамандию нашъаљалобӣ, ҳолатҳои коррупсион ва дигар масъалаҳои мубрами рўз мавриди баррас қарор гирифтанд.

«Кўшониён»