26 ОКТЯБР РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ

Кӯшониён: Роҳбарияти ноҳия, кормандони мақомоти суди ноҳияро бо иди касбиашон шодбош намуданд. Имрӯз 26 октябри соли 2023, роҳбарияти ноҳия, бахшида ба рӯзи кормандони мақомоти судӣ, дар бинои Суди ноҳия бо роҳбарият ва кормандони суд вохӯрӣ намуда, онҳоро бо иди касбиашон шодбош намуда, барои иҷрои вазифаҳои пурмасъулият дар иҷрои адолати иҷтимоиву шукуфоии Ватани маҳбубамон комёбиҳо орзу намуда, тансиҳативу хонаободӣ таманно намуданд. Ҳамзамон ба раиси Суди ноҳия ва судяҳо Ифтихорнома ва ба кормандони фаъоли суд, Сипосномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар вазъияти тантанавӣ супорида шуданд.