Соли 2024 “СОЛИ МАРИФАТИ ҲУҚУҚӢ БАЛАНД ГАРДИДАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ШАХРВАНДОН ВАЗИФАИ АВВАЛИНДАРАҶА

Санаи 24 майи соли 2024, бо мақсади шарҳи тавзеҳӣ мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 28 декабри соли 2023, инчунин мулоќот Президенти мамлакат, ки рӯзи 9 марти соли равон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар баргузор гардида ва эълон гардидани Соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуӣ” вохўрии раиси суди ноњия Аламшозода Фирдавс ва сардори ШВКД дар ноњия Саидзода Зафар бо аҳли ҷамоатчигии Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол баргузор гардид. Нахуст раиси суди ноҳия, оид ба вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳон, минтақа ва Тоҷикистон вобаста ба ҳолати шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористӣ, экстремистӣ ва дигар масъалаҳои доир ба таъмини амнияти миллӣ, волоияти қонун ва амалишавии Барнома ва Стратегияҳои қабулгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Инчунин, вобаста ба рафти амалишавии Фармони Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, таъмини амнияти миллӣ, пешгирии бегонапарастӣ ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. Қайд гардид, ки амнияти миллӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини ҷомеъа мебошад, ки он ҳифзи  шахсият  ҷамъият ва давлатро аз ҳар гуна таҷовузҳои зидди ҳуқуқӣ таъмин менамояд. Бояд ҳимояи Ватан ва таъмини амнияти миллӣ барои ҳар фарди миллат муқаддасу мӯътабар бошад, зеро Ватан далели асосии ҳастии миллат ба шумор меравад.Таърихи гузаштаи миллати мо онро нишон медиҳад, ки дар он шахсиятҳои бузурги дорои азму иродаи тавоно ва ғурури миллӣ кору фаъолият намудаанд, ки барои ҳимояи Ватани хеш ҷонфидоиҳои қаҳрамонона кардаанд. Дар сухаронии худ сардори ШВКД дар ноњия Саидзода Зафар сараввал вобаста нуқтаҳои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдрас гардида, сипас вобаста ба бартараф намудани ќонунвайронкуниҳои ҷойдошта дар самти истифодаи замин, волоияти қонун, пардохтҳои ҳатмии давлатӣ, риояи талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳо вобаста ба таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ, пешгирии худкушиву худсузӣ, пешгирии ҷинояткори аз тарафи ноболиғону ҷавонон, пешгирии пошхурии оилаҳои ҷавон ва даъвати шаҳрвандон ба сафи Артиши миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сипас баъд аз анљоми вохўрӣ, бо иштироки падару модарони хонандагон, раисони мањал суди сайёр гузаронида шуда, парвандаҳои маъмурӣ нисбати падару модарони хонандагон, ки бо моддаи 90 Қонуни Ҷумҳурии Тољикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қонунвайронкунӣ содир намудаанд баррасӣ гардид.