Санаи 22 январи соли 2025, дар доираи эълон гардидани «Солҳои рушди иқтисоди рақами ва иноватсия» ва рафти амалишавии Фармони Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2025», дар Ҷамоати деҳоти Сарвати Истиқлол вохурии раиси суди ноҳия Аламшозода Фирдавс, муовини раиси ноҳия Ҳакимзода Миҷгона ва дигар шахсони мутасади бо фаъолон ва сокинони Ҷамоат вохўрӣ доир гардид. Вобаста ба масъалаҳои вохўрии раиси суди ноҳия таърихи афкору андешаи инсонӣ исбот менамояд, ки илму дониш ақел вақт душмани дину имон набуда, балки бар зидди хурофот, куҳнапарастӣ, бофтаҳои баъзе диндорони бесаводу чаласавод буд. Ягон мутафаккир ё донишманди асили замони гузашта ва муосир низ бар зидди дин набаромадааст, балки хурофот, нодонӣ, љаҳолатро зери интиқод қарор додааст. Иллати сар задани чунин падидаҳои номатлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни мусалмонони кишвар дар солҳои охир дар ҷомеаи мо пайдо шудани иғвоангезӣ, тақрибкорӣ, ҳизбгароиву гурўҳбандӣ аз тарафи баъзе ходимони дин, имомхатибон аз минбарҳои масољид, садо додани таблиғоти бегонапарастӣ, зидди манфиатҳои миллӣ, давлатӣ, суханони таҳқиркунанда, қабеҳу фаҳш ва беасосу бадномкунанда, таљлили маросимҳои ба мазҳаби мо бегона, итоат накардан ба имому ҳоким, қонун ва дар ин замина ба вуҷуд овардани дуҳокимиятӣ дар фазои кишвар аст.
Мутаассифона, дар амри дифоъ ва пуштибонї аз нангу номус, њуввият ва арзишњои миллї, манфиатњои умумихалќиву умумидавлатї миёни баъзе уламои дин ва зиёиёни эљодкори дин бањс ба миён омада, ањли љомеаро бетараф намегузорад.
Асосгузори сулњу вањдати миллї — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ дар иҷлосияи сеюми фавқулодаи Созмони Конфронси исломӣ, ки дар шаҳри Макка 7-уми декабри соли 2005 баргузор гашт, гуфта буданд: «Террорист дар асли худ миллат, мазҳаб ва Ватан надорад ва душмани Худову бандагони ўст… Ин гуна неруҳо аз номи ислом амал намуда, номи неки онро доғдор мекунанд ва манфиатњои душманону бадхоњони фарњанги волои исломиро пиёда месозанд». Ифротгаройӣ ва терроризм бо номњои гуногун ва шаклњои гуногуни зуњур инсониятро аз даврањои ќадим таъќиб мекарданд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ мамолики мусулмон арзишњои миллӣ ва динии худро зери хатар мебинад. Мо муътаҳидем, ки ифротгаройӣ ва терроризм дини буда наметавонад, балки терроризм ва ифротгароии мавҷудбуда метавонад, ки шиорњои диниро ҳамчун ниќоб истифода кунанд. Ҷумњурии Тоҷикистон муборизаро бар зидди терроризм ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ, минтақа ва ҷаҳон баррасӣ намуда, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт талош меварзад. Асоси ҳуқуқии ин фаъолиятро дар кишвари мо ўҳдадориҳои байналмилалии он, Конститутсия, Кодекси ҷиноӣ, Ќонун «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» ва Консепсияи ягонаи Ҷумњурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгаройї) ташкил медињанд.
Бо Фармони Президенти Ҷумњурии Тољикистон аз 12-уми ноябри соли 2016, тањти №776 Стратегияи миллии Ҷумњурии Тоҷикистон оид ба муќовимат ба экстремизм ва терроризм барои солњои 2016-2020 тасдиќ карда шуда, Фармони Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 «Дар бораи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумњурии Тољикистон барои солњои 2021-2025» ба тавсиб расид, ки айни замон амалї гардида истодааст. Стратегияи мазкур самтњои асосии сиёсати давлатии Ҷумњурии Тоҷикистонро дар самти муќовимат ба экстремизм ва терроризм муайян намуда, вазифањои маќомоти давлатиро љињати аз байн бурдани омилњои ба экстремизм ва терроризм мусоидаткунанда мушаххас менамояд. Назорати иљрои Стратегияи миллї ва њамоњангсозии фаъолияти маќомоти давлатї, нињодњои љомеаи шањрвандї ва созмонњои байналмилалї вобаста ба иљрои он ба Прокуратураи генералии Ҷумњурии Тољикистон вогузор карда шудааст. Имрўз ки Тољикистон соњибистиќлол шудааст ва дар љањон мавќеи худро ёфта, њамчун як узви љомеаи љањонї эътироф шуда, пеш рафта истодааст ва ин барои баъзе ќуввањои дохилию берунї писанд нест ва онњо мехоњанд, ки љомеаи мо ноором бошад, аз ин лињоз њар гуна њизбу ҳаракатњои бегонаро дастгирї менамоянд. Аз ин ҷо, мо бояд њушёр бошем, дар атрофи Сарвари давлат ва Њукумати Тољикистон муттањид гардида, худшиносӣ ва ғурури миллиамонро баланд бардорем, Ватанамонро, ки Тоҷикистон ном дорад, ҳифз намоем ва обод созем. Парчами ваҳдати миллиро ҳамеша боло бардорем.