ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ: ТАШАККУЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИ ДАР ҶОМЕА — НАҚШИ КАЛИДИ ДОРАД КӮШОНИЁН: ВОХУРИИ РАИСИ СУДИ ВА СУДЯҲОИ СУДИ НОҲИЯ БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ НАВБАҲОР

Имрӯз 16 феврали соли 2024, бо мақсади шарҳи мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки санаи 28 декабри соли 2023 баргузор гардида буд ва дар асоси нақшаи Суди олии кишвар, вохурии раиси суди ноҳияи Кӯшониён Аламшозода Фирдавс бо фаъолони Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия баргузор гардид. Дар вохӯри ҳамзамон муовини раиси ноҳия Сайдбеки Сафарбек ва судяҳои суди ноҳия Абдуҷабор Мирзозода ва Сатторова Зебо иштирок намуданд.

Нахуст, муовини раиси ноҳия ташрифи меҳмононро ба ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия хаймақдам гуфта, меҳмононро муаррифӣ намуда, мақсад аз баргузории ҷамъомадро баён намуданд. Раиси суди ноҳия қайд намуданд, ки  ҳамасола Паёми Пешвои миллат ба руйи мардуми тоҷик дари боварию эътимод, зиндагии тинҷу осуда, амалишавии орзуҳои деринтизорро боз мекунад. Таассуроти аз Паём гирифтаи мо ба ҳар яки мо нерӯ мебахшад, барои пешрафту ҷойгоҳи воқеии худро дар ҳаёт доштан. Хусусан, Паёми навбатии Пешвои миллат аз ояндаи бозам дурахшонтари мардуми тоҷик гувоҳи дод. Аз аввал то охир ба Паёми Пешвои муаззами миллат гӯш дода бозам итминони комил пайдо намудем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти маҳбуби кишвар пайваста дар фикри некӯаҳволии мардум ҳастанд. Нуқтаҳое, ки дар Паём оиди рафъи монеаҳои ҷойдошта ироа гардид, як роҳи дурухшони фардои зебо доштани мурдуми тоҷикро баёнгар аст. Ҳар ҷумлаи саршор аз мухаббату ғамхории Паёми Пешвои миллат барои мардуми тоҷик роҳнамои кору зиндагист. То имрӯз воқеан корҳои бузурге барои пешрафти Тоҷикистон, некӯаҳволии Тоҷикистони азиз анҷом дода шудааст. Рақамҳое, ки Пешвои миллат ёдовар шуданд далели ба дастовардҳои бузург дар ҳама самтҳо ноил шудани давлати соҳибистиқлоли мост.

Судяи суди ноҳия Сатторзода Зебо дар суханронии худ қайд намуд, ки умеду бовари ба оянда пеш аз ҳама аз Паёми Пешвои миллат дар қалби ҳар яки мо ҷо гирифт. Баъд аз Паём мо нерӯи бузург баҳри амалинамоии ҳадафҳои оянда ба худ гирифтем. Эълон гардидани соли 2024 соли “маърифати ҳуқуқӣ” як таккони ҷиддие барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳад буд. Бисёр масъалаи саривақтӣ, ки маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон баланд бардошта мешавад. Ба чунин тадбири оқилона мардуми Тоҷикистон бисёр ниёз дошт. Таваҷҷӯҳи Пешвои миллат ба соҳаи маориф масъулияти ҳамаи мо кормандони самти мазкурро баланд бардошта, тарбияи кадрҳои босаводро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад. Зеро тарбияи кадрҳои баландихтисос маҳз зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат қарор дорад. Дар натиҷаи ғамхориҳои Пешвои миллат дастовардҳои зиёд то имрӯз ба даст омадааст. Чуноне, ки дар Паём зикр гардид: ‘’Тоҷикистон дар рейтинги кишварҳои маблағгузориашон ба самти маориф, дар ҷои 21 ум қарор дорад’’.

Дар баромади хеш судяи суди ноҳия А.Мирзозода қайд намуданд, ки ҳамасола аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ва мардуми шарифи Тоҷикистон  вобаста ба самтҳои мухталифи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанг, дар маҷмӯъ тамоми паҳлуҳои асосии фаъолияти давлат Паём ироа мегардад, ки яке аз самтҳои  Паёми ҳамасолаи Президенти кишвар ба масъалаи терроризм ва экстремизм равона карда мешавад.

Ташаккули давлати демокративу ҳуқуқбунёд, қабл аз ҳама ба сифати баланди қонунҳо вобаста аст, ки он волоияти қонунро таъмин намуда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими амнияти давлатӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм ва экстремизм равона гардидааст. Яке аз талаботҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат онро бояд риоя ва амалӣ намояд, ин тартиботи ҳуқуқӣ мебошад, зеро ки он боиси мустаҳкамии ҳокимияти давлатӣ ва мубориза бар зидди ифротгароӣ мебошад. Ҳоло яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеаи ҷаҳонӣ терроризм ва экстремизм мебошад, ки ҷумҳурии моро низ ба ташвиш овардааст.  Терроризм ва экстремизм яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор меравад, зеро зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш-таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.